Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Қирғизистон Барктабасовро боздошт кард


Полиси Қирғизистон сиёсатмадори баҳсбарангез Урмат Барктабасовро, ки талош дошт, издиҳоми тарафдоронашро ба Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҳидоят кунад, ба ҳабс гирифт. Ҳамроҳ бо ӯ шаш нафари дигар низ боздошт шудаанд. Дар ҳамин ҳол нерӯҳои Қирғизистон барои пароканда кардани садҳо нафар аз тарафдорони Барктабасов, ки дар 15-километрии Бишкек ҷамъ омадаанд, аз тирандозӣ ба ҳаво, гази ашковар ва таркишҳои садоӣ истифода кард. Хадамоти амнияти Қирғизистон мегӯяд, ҳарбиён зимни итилое амал карданд, ки гӯё мардуми зиёди мусаллаҳе мехоҳад ба шаҳр ворид шуда, ҳукумати муваққатро сарнагун кунад. Дар ин байн ҳазорон нафар имрӯз дар рӯбарӯи бинои полумони Қирғизистон дар Бишкек ҷамъ омаданд, то пуштибонии худро аз бозгашти Урмат Барктабасов ба ватанаш намоиш диҳанд. Барктабасов, тоҷир ва пешвои минтақаӣ, панҷ сол пеш пас аз як талоши нокоми ғасби қудрат Қирғизистонро тарк карда буд.
XS
SM
MD
LG