Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани нимурёни бритониёӣ дар Дубай боздошт шуд


Полиси Дубай мегӯяд, як зани бритониёиро барои урён ва танҳо бо либоси шиноварӣ зоҳир шуданаш дар як фурӯшгоҳи бузург дар Дубай барои кӯтоҳмуддат боздошт кардааст. Ба гуфтаи полис, вақте ин зан бо харид машғул буд, чанд зани ҳиҷобпӯш ба ӯ наздик шудаву барои домони кӯтоҳ аз ӯ интиқод кардаанд. Дар посух зани бритониёӣ болопӯшҳои худро бадар кардаву бо либоси шиноварӣ дар фурӯшгоҳ қадам задааст ва боиси моҷаро шудааст. Полис ҳарду занро боздошт ва барои бозҷӯӣ ба дафтари худ интиқол додааст. Номи ва синнусоли занон ифшо нашудааст.
XS
SM
MD
LG