Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон дар Теҳрон ба ҳифзи амнияти минтақа таъкид кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, бидуни амнияту оромӣ дар минтақа ҳеҷ яке аз тарҳҳои ҳамкорӣ ба иҷро нахоҳанд расид. Вай афзуд: "Марҳилаест, ки мо бояд хеле фаъолтар кор кунем, то пагоҳ дер нашавад. Чунки шумо дида истодаед, баъзан кишварҳои абарқудрат аз хоб бедор шуда, барои ҳадафҳои стратегии худ дар Осиёи Марказӣ имсол чӣ ҳодисаҳое рӯй дод, ки боиси бениҳоят нигаронии мо гаштааст. Орзумандам, ки мулоқоту музокироти Теҳрон оғозгари марҳилаи нав дар дӯстии таърихии мо гардад."
Раҳмон ҳамчунин аз ҳамтоёни худ хост, сохторҳои нави байнидавлатӣ дар рушди се кишвар натиҷаҳои воқеӣ дошта бошанд. Раисони ҷумҳури Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон имрӯз дар Теҳрон дар бобати таъсиси Кумиссюни байнидавлатии сеҷониба ва Шӯрои вазирони умури хориҷии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Қарор аст, ин ниҳодҳои нав ба танзими беҳтар ва таҳкими ҳамкориҳои байни се кишвар мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG