Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равандҳои муҳоҷират дар паҳнои собиқ Шӯравӣ


Ахиран Созмони Геллап натиҷаҳои як назархоҳии худро дар бораи равандҳои муоҷирати корӣ дар 12 кишвари Шӯравии собиқ ба нашр расонд. Ин назархоҳӣ дар соли 2009 анҷом гирифтааст ва дар он се суол мавриди пурсиш қарор гирифтааст.

Тибқи ин назархоҳӣ, аз ҳар чаҳор нафар як нафари калонсол дар 12 кишвари Шӯравии собиқ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, гуфтаанд, ки онҳо барои кори муваққатӣ ё таҳсил мехоҳанд аз кишвари худ ба кишвари дигар раванд. Чунин одамон 24 дарсади аҳолии калонсоли ин кишварҳоро ташкил медиҳад. Шумораи ононе, ки мехоҳанд ҳамзамон бо кор дар кишвари хориҷӣ таҳсил кунанд, ба 25 дарсад мерасад.

Рӯ ба кишварҳои хориҷ

Ба ин тартиб, шумораи умумии одамоне, ки мехоҳанд бо ҳар роҳ аз кишвари худ муҳоҷират кунанд, 70 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ҳамин 70 миллион 30 миллион нафар мехоҳанд кишвари худро ба таври доимӣ тарк кунанд ва дар кишвари дигаре зиндагиашонро пеш баранд. Албатта, шумораи ононе, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд Ватани худро тарк кунанд, камтар аст ва 10 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон шумораи ин гуна одамон боз ҳам камтар аст ва танҳо 6 дарсади аҳолӣ гуфтаанд, ки мехоҳанд ба таври доимӣ Тоҷикистонро тарк кунанд.

Ин маълумотро созмони Геллапи Амрико баъд аз анҷоми як назархоҳӣ дар соли 2009 дар бораи равандҳои муҳоҷират дар 12 кишвари Шӯравии собиқ эълон кардааст. Геллап ин назархоҳии худро дар миёни аҳолии болотар аз синни 15-сола анҷом додаст ва дар ҳар кишвар 1 000 нафар дар назрхоҳӣ ширкат кардаанд.

Дар фикри тарки ватан


Тибқи ин назархоҳӣ, бештар аз ҳама сокинони кишварҳои Қафқоз мехоҳанд бо ватани аҷдодиашон падруд гӯянд ва шумораи чунин одамон 18 дарсад аст. Вале шумораи ононе, ҳам, ки мехоҳанд барои кори муваққатӣ ба хориҷи кишварашон раванд, боз ҳам дар Қафқоз бештар аст ва 31 дарсадро ташкил медиҳад. Масалан, Арманистон дар ин бахш бо 39 дарсад дар мақоми аввал қарор дорад. Ҳоло шумораи арманиҳое, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, нисбат ба шумораи арманиҳои зодбуми аҷдодӣ бештар будааст.

Дар Тоҷикистон шумораи одамоне, ки мехоҳанд ба таври муваққатӣ дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷи кишвар раванд, 28 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин бахш мардуми Молдова пешсафанд ва чунин одамон 53 дарсад будаанд. Тоҷикистон баъд аз Молдоваву Арманистон, Беларусу Қирғизистон ва Қазоқистону Гурҷистон дар миёни 12 кишвар дар зинаи 7-ум қарор дорад. Туркманҳо камтар аз дигарон мехоҳанд дар хориҷ зиндагӣ ё муваққатан кор кунанд.

Муҳоҷирони ноновари тоҷик

Вале дар миёни ҳамин 12 кишвар оилаҳои тоҷик аз муҳоҷирони худ бештар кӯмаки молӣ ё пулӣ дарёфт кардаанд, яъне дар зинаи аввал қарор доранд. Дар ин бахш Тоҷикистон бо 24 дарсад ва Молдова бо 23 дарсад дар садри ҷадваланд. Сипас Қирғизистону Арманистон ва Гурҷистону Узбакистон меоянд. Русия бо 1 дарсад дар зинаи ахир аст.

Созмони Геллап навишааст, чунин равандҳо нишон медиҳад, ки кадом кишварҳо ба чӣ ҷанбаҳое дар равандҳои муҳоҷират дар кишвари худ бояд бештар таваҷҷӯҳ кунанд. Ин созмон аз ҷумла, ба иҷоди ҷойҳои корӣ, кӯмак ба муҳоҷирони кории муваққатӣ, ба фароҳам овардани шароити омӯзиши касбҳои зарурӣ ва ба омӯзиши забони кишвари муҳоҷират ишора кардаанд.

Сангиниҳои муҳоҷирати корӣ

Ҳамчунин ин нукта таъкид шудааст, ки агар миёни кишвари содиркунандаи муҳоҷири корӣ ва кишвари қабулкунанда мувофиқатномаҳо имзо шавад, бозгашти муҳоҷирони кории муваққатӣ ба ватанашон низ осонтар мешавад ва чунин мувофиқатномаҳо онҳоро водор мекунад, ки аз сӯе бо кишвари худ пайванди қонунӣ ва тааҳҳудоти қонунӣ дошта бошанд. Чунин мувофиқатномаҳо бояд ҳимоят аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои муҳоҷирони кориро низ фаро бигирад.

Геллап созмони амрикоист, ки 75 соли пеш ташкил шуда буд ва дар ин муддат равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҷаҳонро таҳқиқ мекунад. Ин таҳқиқот аслан бар пояи назархоҳиҳо ё омӯзиши фикри мардум дар бораи масъалае анҷом мегирад. Кормандони ин созмон донишмандони шинохтаи ҷаҳонӣ, иқтисоддонон, ҷомеашиносон, равоншиносон ҳастанд, ки равандҳои иқтисодиву сиёсӣ ё иҷтимоиро аз роҳи назархоҳиҳо мунташир месозанд. Геллап 2 000 корманди ҳирфаӣ ва дар саросари ҷаҳон 40 намояндагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG