Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили Оштиёнӣ дар Туркия паноҳҷӯ шуд


Дар нахустин мусоҳибаи хеш пас аз фирор аз Эрон, вакили зане, ки сангсор маҳкум шудааст, гуфт, мақомоти эронӣ ҳамсари ӯро гаравгон гирифтаанд. Муҳаммад Мустафоӣ баъд аз бенишон шуданаш дар Эрон ду ҳафта пеш дар Туркия рӯ зад. Вай вакили ҳуқуқии Сакина Муҳаммади Оштиёнӣ, зани 43-сола ва модари ду фарзанд аст, ки бо иттиҳоми зиногарӣ ба сангсор маҳкум шудааст. Гуфта мешавад, мақомот аз он норозиянд, ки Мустафоӣ дар интишори хабари ин ҳукм ва бурузи эътирозҳои байнулмилалӣ нақши калидӣ доштааст. Ду ҳафта пеш ҳамсар ва додарарӯси Мустфоӣ боздошт шуданд ва вакил мегӯяд, онҳо ба ин парванда ва куллан фаъолияти ӯ рабте надоранд. Мустафоӣ аз Туркия паноҳгоҳи сиёсӣ дархост кардааст.
XS
SM
MD
LG