Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Дар Маскав дар ҳавелии собиқ пажӯҳишгоҳи илмӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон кашф шуд, ки аз захми корд ба ҳалокат расидааст. Намояндаи полиси Маскав ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ҷасади ин марди 38-сола шоми чаҳоршанбе ҳудуди Пажӯҳишгоҳи "Графит" дар кӯчаи Электродная ёфт шудааст. Вай афзуд, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз захмҳои сершумори корд ба ҳалокат расидааст. Полиси Маскав дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG