Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш»: 10-уми август – Рӯзи варзишгарон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба Рӯзи варзишгарон бахшида шудааст. Дар бораи бурду бохти соҳа Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ва коршиноси соҳа профессор Анвар Бобоҷонов нақл мекунанд.

Рӯзи варзишгарон ҳамасола бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 10-уми август таҷлил мегардад. Бахшида ба иди касбии кормандони соҳа дар саросари кишвар мусобиқот дар риштаҳои мухталиф баргузор мешавад.



Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, варзишгарони тоҷик иди касбиашонро бо дастовардҳои назаррас таҷлил мекунанд. Соли равон дар ҷумҳурӣ мусобиқоти оммавии варзишӣ, монанди Рӯзи дави миллӣ ва Рӯзи олимпӣ дар сатҳи баланд доир гардиданд. Инчунин имсол дар Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон толори варзишии замонавии «Вастан» ба истифода дода шуд. Вале ба гуфтаи ҷаноби Неъматов варзиши тоҷик имрӯз ба сармоягузорӣ ва сарпарастон ниёз дорад.

Коршиноси соҳа профессор Анвар Бобоҷонов мегӯяд, дар варзиши тоҷик ҳоло масоили ҳалталаб ва камбудиҳои зиёд, аз ҷумла нарасидани иншооти замонавӣ, либосу лавозимоти варзишӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа ҷой доранд.

Давраи дуввуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба анҷом расид. «Истиқлол» аз 16 бозӣ 40 имтиёз ба даст овардааст ва ягона дастаест, ки бохт надорад. Дастаи “Регар” ТадАЗ-и Турсунзода бо 36 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифтааст. Дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо 30 имтиёз ҷои севум ва тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 26 имтиёз ҷои чорумро касб кардаанд. Дар ин барнома мусоҳибаи мо бо Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Вахш”, қаҳрамони кунунии футболи Тоҷикистон, ва Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар” ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон ва барандаи секаратаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.
XS
SM
MD
LG