Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Аҳмадинажод, Карзай ва Раҳмон дар Теҳрон


Раисони ҷумҳури Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон имрӯз дар Теҳрон замина ва роҳкорҳои тақвияти равобити се кишвари форсизабонро баррасӣ карданд. Дар мулоқоти Маҳмуди Аҳмадинажод, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ҳамкориҳои сеҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва бахусус сохтмони роҳи оҳане, ки се кишварро бо Чин мепайвандад, баҳс шуданд. Бори охир се раҳбар дар моҳи марти соли равон низ дар Эрон мулоқот доштанд. Дар ин миён Аҳмадинажод аввали моҳи июн дар рӯзҳое ба Тоҷикистон сафар карда буд, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал бастани нави таҳримҳои зидди кишварашро ба тасвиб расонд.
XS
SM
MD
LG