Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти мухолифони ҳукумати Қирғизистон дар Бишкек


Ҳазорон нафар имрӯз дар рӯбарӯи бинои полумони Қирғизистон дар Бишкек ҷамъ омаданд, то пуштибонии худро аз бозгашти Урмат Барктабасов ба ватанаш намоиш диҳанд. Барктабасов, тоҷир ва пешвои минтақаӣ, панҷ сол пеш пас аз як талоши нокоми ғасби қудрат Қирғизистонро тарк карда буд. Нурсултон Ҷуманқулов, яке аз ташкилкунандагони тазоҳуроти мухолифон ба издиҳмои ҷамъомада гуфт:
"Пешниҳоди мардум ин аст, ки Урмат Барктабасовро бояд раҳбари ҳукумат ё сарвазир кард! Ура барои Барктабасов!"
Бо мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди ҳамдиёрони Барктабасов, нерӯҳои қирғиз роҳҳои Бишкекро бастаанд. Хадамоти амнияти Қирғизистон мегӯяд, итилоъ дорад, ки мардуми зиёди мусаллаҳе мехоҳад ба шаҳр ворид шуда, ҳукумати муваққатро сарнагун кунад. Тазоҳуркунандагон, тарафдорони Бариктобасов мегӯянд, Қирғизистон ба интихоботи порлумонӣ, ки барои моҳи октябр тарҳррезӣ шудааст, омода нест ва талаб доранд, бо президент Роза Отунбоева мулоқот кунанд. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, парвандаҳои зидди Барктабосов бекор карда шаванд.
XS
SM
MD
LG