Пайвандҳои дастрасӣ

Отунбоева ба бадрафтории ҳарбиён бо узбакҳо иқрор кард


Раисиҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева, иқрор кард, ки нерӯҳои амниятии кишвараш дар идомаи хушунатҳои байниқавмӣ дар моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон ҳуқуқи ақаллияти узбактаборро поймол кардаанд. Ин иқрор дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва Созмони Милал нерӯҳои амниятии Қирғизистон ба ҳадаф қарор додани узбактаборон баъд аз даргириҳо айбдор карданд. Отунбоева ҳамзамон бо иқрораш намунаҳоеро тазаккур дод. Аз ҷумла, ки ҳарбиёни қирғиз дар моҳи июн ҳангоми тафтиши рустои Наримон ду узбактаборро дониста, ба қатл расондаанд. Бино бар иттилои расмӣ, дар хушунатҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон зиёда аз 350 нафар кушта ва даҳҳо ҳазор тан аз манозили худ маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG