Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Колбаднамуна Наомӣ Кемпбелл дар додгоҳ баёнот дод


Наомӣ Кемпбелл, супермодел ё колбаднамунаи машҳури зебоии занона дар муҳокимаи раҳбари пешини Либерия, Чарлз Тейлор дар Ҳейг имрӯз гуфт, дарвоқеъ аз президенти собиқ Тейлор, пас аз як зиёфат, чанд санги гаронбаҳо ҳадя гирифтааст. Вай гуфт: "Ман хоб будам, ки касе дарро кӯфт. Дарро кушода ду мардро дидам, ки ба ман як бастаро доданд ва гуфтанд, ин тӯҳфа барои Шумо. Ман дар он чанд санги хеле хурд ва зоҳиран чиркинро дидам." Кемпбелл гуфт, вай он ашхосро намешиносад ва дар байни ҳадия навиштаҷоте набуд. Вай афзуд, сангҳоро ба ҳайси кӯмаки башардӯстона ба созмоне дар Африқои Ҷанубӣ бахшид ва танҳо дертар фаҳмид, ки ин сангҳо алмосҳои сайқалнаёфта будаанд. Муфаттишони Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг бар ин аст, ки Тейлор аз ошӯбгарони Сйера Леоне сангҳои гаронбаҳо мегирифт ва дар ивази онҳо барои шӯришгарон силоҳ харидорӣ мекард. Тейлор ба 11 ҷурм дар робита ба низоъ дар Либерия ва Сйерра Леоне айбдор мешавад. Дар ин муноқишаҳо зиёда аз 250 000 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG