Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи нави 5 ҳафтаномаи Тоҷикистон ба нашр расид


Чопхонаи хусусии «Мушфиқӣ»-и шаҳри Душанбе, ки эълом дошта буд, бино бар мушкили фаннӣ шумораи нави нашрияҳои мустақили «Пайкон», «Озодагон», «СССР», «Миллат» ва «Боргоҳи сухан»-ро нашр карда наметавонад, мушкилро бартараф ва ҳамаи ин ҳафтаномаҳоро, ба истистнои "Пайкон" ба табъ расондааст. Ҳафтаномаи "Пайкон" дар матбааи "Интишор" чоп карда шуд. Рӯзи душанбеи 2-юми август, ду рӯз қабл аз замони чопи ҳафтаномаҳо чопхонаи "Мушфиқӣ" гуфта буд, ба иллати пеш омадани мушкили фаннӣ, нашрияҳо бояд муваққатан дар матбааи дигаре ба чоп расанд. Бархе аз расонаҳо ин хабарро ба афзоиши матолиби шадидлаҳн дар ин нашрияҳо бастагӣ доданд.
XS
SM
MD
LG