Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон мегӯяд, WikiLeaks бо он дар тамос нашудааст


Ҳарбиёни Амрико мегӯянд, кормандони торнамои WikiLeaks барои кӯмак ба он муроҷиат накардаанд. Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида хабарҳоеро рад кард, ки гӯё кормандони ин торнамои ишфогар аз Пентагон хостаанд, 15 000 санади навро пеш аз нашр бозбинӣ кунад. Хабаргузориҳо гуфтаанд, Викиликз мехоҳад, ному иттилои аз лиҳози амниятӣ хатарнокро Пентагон аз ин аснод ҳазф кунад. Аммо сухангӯи Вазорати дифои Амрико, сарҳанг Дейвид Лапан мегӯяд, касе аз WikiLeaks бо ин ниҳод дар тамос нашудааст. Нашри даҳҳо ҳазор санади махфии Амрико дар робита ба ҷанги Афғонистон боиси эътирози мақомоти амрикоӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG