Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 6 полис дар таркише дар Кундузи Афғонистон


Дар таркиши як мошини бомбгузоришуда дар вилояти Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон шаш корманди полиси Афғонистон кушта ва 13 нафари дигар захмӣ шуданд. Раиси ноҳияи Имом Соҳиби ин вилоят, Муҳаммадаюб Ҳақёр гуфт, нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли дидбонии минтақа буданд, ки як ҳамлавари худкуш мошинро дар наздикии онҳо мунфаҷир кард. Як зиреҳпӯши НАТО низ тахриб ва ду сарбози амрикоии он маҷрӯҳ шудаанд. Ошӯбгарон ахиран талош доранд, манотиқи дар гузашта ороми шимоли Афғонистонро низ ба саҳнаи даргириҳо табдил диҳанд.
XS
SM
MD
LG