Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, имрӯз дар Теҳрон, пойтахти Эрон дар дидори сарони кишварҳои форсизабон бо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай мулоқот хоҳад кард.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз бахшҳои муҳими гуфтугӯ байни раисони ҷумҳури Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар ин сафар президенти Тоҷикистонро вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев ва вазири энержӣ ва саноат Гул Шералӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Роҳҳои стратегӣ миёни се кишвар

Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст масъалаи бунёди роҳҳои стратегӣ бо ширкати се кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Тарҳи роҳи оҳани Машҳад-Ҳирот-Мазори Шариф-Душанбе яке аз мазвӯъҳои калидии мулоқот унвон мешавад.

Роҳи оҳани Машҳад-Ҳирот-Мазори Шариф-Душанбе аз бузургтарин тарҳҳоест, ки се кишвари форсизабон рӯи даст гирифтаанд. Моҳи майи соли ҷорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дар бораи таҳия намудани тарҳи фаннӣ ва иқтисодии сохтмони ин роҳ як созишнома ба имзо расида буд. Ҷониби Эрон барои омодасозии асноди ин тарҳ як миллион доллар ихтисос дод.

Тарҳи роҳи оҳан миёни се кишвари ҳамзабон дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар оғози соли ҷорӣ дар Теҳрон пешниҳод шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон пас аз эҷоди монеа аз сӯи ҳамсоякишвари Узбакистон тайи ним соли ахир дар бунбасти роҳи оҳан қарор дорад ва ба тарҳи роҳи Машҳад-Ҳирот-Душанбе ҳамчун воситаи раҳоӣ аз ин бунбасти нақлиётӣ менигарад.

Эҳтимол меравад, масъалаи боздошти қаторҳои марбут ба Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон низ дар ин мулоқот матраҳ шавад. Ҷониби Эрон дар робита ба ин мушкил қаблан изҳори нигаронӣ карда буд. Бо дастури раисиҷумҳури Эрон ширкати роҳи оҳани ин кишвар ба мақомоти Узбакистон ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи манъи вагонҳои Тоҷикистон транзити қаторҳои Узбакистон аз тариқи қаламрави Эронро маҳдуд хоҳад кард.

Ҳамкориҳо дар бахши иқтисод ва энержӣ

Мавзӯи дигари меҳвар дар гуфтугӯҳои раисони ҷумҳури се кишвар ҳамкориҳо дар бахши иқтисод ва энержӣ эълон шудааст. Феълан миёни Тоҷикистон ва Эрон як қатор тарҳҳо амалӣ мешавад, ки бузургтарини онҳо нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва нақби Анзоб аст.

Охирҳои соли 2003 ҳукумати Эрон барои бунёди нақби Анзоб беш аз 31 миллион доллар ҷудо кард, ки 10 миллиони он кумаки ройгон буд.

Авоили соли 2006 бошад Эрон барои бунёди нерӯгоҳи Сангтуда-2 беш аз 180 миллион доллар ихтисос дод. Тибқи созиши байнидавлатӣ, баъд аз мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтан тайи 12-уним сол Сангтуда-2 моликияти Эрон маҳсуб хоҳад шуд ва сипас дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор мегирад.

Афғонистон низ ҳамчун кишвари ниёзманд ба нерӯи барқи арзон алоқаманди роҳандозии тарҳҳои энержӣ бо ҳамдастии се кишвари ҳамзабон аст.

Масъалаи вазъи амниятӣ ва сиёсии минтақа, мубориза бо маводи мухаддир низ аз мавзӯъҳои ин нишаст хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG