Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши бузурги дарёии Куриёи Ҷанубӣ шурӯъ шуд


Куриёи ҷанубӣ имрӯз ба бузургтарин размоиши баҳрие шурӯъ кард, ки дар он маҳви киштиҳои зериобӣ тамрин мешавад. Размоиши мазкур дар қаламрави баҳсноки обӣ бо Куриёи Шимолӣ сурат мегирад ва ҳушдоре ба ин кишвар аст, ки моҳи март як киштии ҷангии Куриёи Ҷанубӣ, бо 46 сарбозаш нобуд кард. Ба гуфтаи мақомоти низомии Куриёи Ҷанубӣ, дар размоиш, 29 киштӣ, аз ҷумла як киштии зериобии ҷангӣ, 50 ҳавопаймо, 4500 сарбози нерӯҳои дарёиву заминӣ ва ҳавоӣ ширкат мекунанд. Куриёи Шимолӣ, ки мегӯяд, киштии ҳамсоякишварашро ғарқ накардааст, бо асабоният ба ин размоиши Куриёи Ҷанубӣ вокуниш нишон дод.
XS
SM
MD
LG