Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу Лубнону Ҳамосро масъули хушунатҳо хонд


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дирӯз гуфт, Лубнон ва созмони Ҳамосро масъули ҳамлаҳои алоҳидаи ин ҳафта медонад ва дар сурати идомаи хушунатҳо вокуниш хоҳад кард. Бенямин Нетаняҳу, зимни суханроние дар телевизиони Исроил гуфт, кишвараш “ба ҳар ҳамла алайҳи шаҳрвандону сарбозонаш бо нерӯ посух хоҳад дод.” Рӯзи сешанбе дар як тирандозӣ дар марзи Исроилу Лубнон, чаҳор нафар аз ҷумла як афсари исроилӣ кушта шуд. Рӯзи душанбе, бар асари партоби мушак аз Миср ба Исроил ва бандарҳои Ӯрдун дар Баҳри Сурх, як марди ӯрдӯнӣ кушта шуд. Нетаняҳу ин ҳамлаҳоро кори дасти созмони тундрави фаластинии Ҳамос хонд.
XS
SM
MD
LG