Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳнамои нав барои нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон


Генерал Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон, раҳнамои нави низомӣ барои ҷилавгирӣ аз талафот дар миёни аҳолии мулкиро содир кард. Роҳ надодан ба қурбон шудани ғайринизомиён дар Афғонистон барои хотима додан ба ҷанги ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон бисёр муҳим дониста мешавад. Бар асоси раҳнамои нав, фармондеҳон бояд пеш аз истифодаи нерӯ, мутмаъин шаванд, ки дар маҳалли ҳадаф, ғайринизомиён ҳузур надоранд, ба истиснои ҳолати худдифоъӣ. Дейвид Петреус ба ҳузури ҳатмии нерӯҳои афғон дар амалиётҳо таъкид кардааст. Дейвид Петреус, 4 июл ба ҷойи генерал Стейнлӣ Маккристал, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG