Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофҳо дар атрофи "телефони зирак"


Ихтилоф дар иртибот бо истифодаи телефонҳои мобили BlackBerry тавсеъа меёбад. Ахиран Ҳиндустон ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ҳамроҳ шуда, тақозо кардааст, ки ба иттилои маҳфуз дар ин навъи телефонҳо дастрасӣ дошта бошад.

Аслан телефонҳои мобилии BlackBerry дар Канада аз тарафи ширкати Research in Motion (RIM) истеҳсол шуда, smartphone ё худ телефони зирак ном доранд.

Ҳоло ба ин баҳс ҳомиёни ҳуқуқи башар пайваста, исрор меварзанд, ки ҳукуматҳо мухолифи пешрафти илму фанновариҳо ҳастанд, зеро BlackBerry имкон намедиҳад, ки мақомот мухобироти миёни мардумро назорат кунанд.

Мизони баланди ҳифзи паёмҳои электронӣ ва дигар иттилои муҳим дар телефонҳои мобили BlackBerry ба баҳси байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Имороти Муттаҳидаи Араб бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ изҳор намуд, ки баъзе хадамот ба ин навъи телефонҳои зирак ё ба истилоҳ BlackBerry smartphone-ҳоро мутаваққиф мекунад.

Ҳиндустон изҳор намуд, хондани e-mail-ҳое, ки ба воситаи BlackBerry фиристода мешаванд, имкон надорад.

Ҳамчунон пайдо намудани дастрасӣ ба иттилои маҳфуз дар BlackBerry ғайриимкон аст, ки шароити мухобирот миёни гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноиро фароҳам меорад.

Ҳукумати Ҳиндустон аз истеҳсолкунандаи BlackBerry ширкати Research in Motion (RIM)-Канада дархост намуд, ки имкони назорати чунин мухобиротро таъмин кунад.

Аммо сухангӯи ширкати Research in Motion (RIM) Сатчит Гаяквад таъкид кард, ки амнияти паёмҳои электронӣ масъалаи баҳс буда наметавонад.

Ба гуфти номбурда таъминкунандагони мухобирот ҳақ доранд, ки чунин тақозо дар миён гузоранд, вале ширкати Research in Motion (RIM) ҳифзи ниёзмандиҳои муштариёнро волотар медонад.

Чарлз Олвин, шореҳи пажӯҳишгоҳи амрикоии Forrester Research бовар дорад, ки истеҳсолкунандагони BlackBerry ба талаби ҳукуматҳо сар хам нахоҳанд кард, зеро маҳз ҳамин ҳифзи маълумот аз чашми бегона BlackBerry-ро дар миёни соҳибкорону аҳли тиҷорат маҳбуб намудааст:

" Ман воқеан фикр намекунам, ки онҳо дар ин масъала созиш кунанд, зеро ҳифзи маълумот пояи тавоноии BlackBerry мебошад. Бовар дорам, ки дар ин масъала онҳо мавқеи шадид ихтиёр мекунанд."

Чанде пеш, мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб иброз доштанд, ки сар аз 1-уми август хадамоти e-mail ва сар аз 1-уми октябр имкони пайвастшавӣ ба интернет ба воситаи телефонҳои BlackBerry-ро мутаваққиф мекунад.

Мансабдорони Иморот мегӯянд, мушкили рӯи он аст, ки иттилои дохили телефони BlackBerry мустақиман дар компютери кишварҳои хориҷӣ зуҳур менамояд ва онҳо имкони назорат болои фаъолиятҳои ғайришаръӣ дар дохили кишварашонро аз даст медиҳанд.

Дар Арабистони Саудӣ бошад, мақомот дастур доданд, ки сар аз 6-уми август ширкатҳои маҳаллии таъминкунандаи мухобирот имкони истифодаи BlackBerry-ро аз байн баранд.

XS
SM
MD
LG