Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон ба зарурати таъсиси як хушёрхонаи вижаи тиббӣ барои афроди майхора, ки рӯйи хиёбонҳо хобухез доранд, таъкид мекунанд.

Сӯҳроб Саломов, муовини аввали сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳарчанд дар соли ҷорӣ мизони ҷиноятҳои содиршуда дар ҳолати бадмастӣ нигаронкунанда нест ва гузашта аз он, рӯ ба коҳиш ниҳодааст, ҳамоно дар кӯчаву хиёбонҳо дар ҳоли мадҳушиву майхорагӣ афроди зиёде ба мушоҳида мерасанд, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки дар қаламрави 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дар ҳоли ҳозир ягон ҳушёрхонаи махсуси тиббӣ вуҷуд надорад, мақомоти умури дохилаи Хатлон аз ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа хостаанд, барои бунёди як чунин муассисаи нигаҳдории мадҳушон мусоидат намояд.

Талошҳои бунёди ҳушёрхона

Суҳроб Саломов, муовини раиси идораи корҳои дохилии вилояти Хатлон
Ва аммо сарҳанг Суҳроб Саломов, муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, ба радиои Озодӣ гуфт, феълан барои сохтмони бинои ҳушёрхона нахуст маблағи кофӣ ва низ мавзеъи мувофиқ дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилоят, дарёфт нашудааст:

"Агар чунин ҳушёрхона бунёд шавад, мо хуш мебудем ва истиқбол мекардем. Лекин ҳоло ҳама хуб медонанд, ки шароит хуб нест, маблағи зиёдатӣ барои анҷоми сохтмонҳои алоҳида барои чунин муассисаҳо дар ихтиёр нест. Агар ҳушёрхона бунёд шавад, воҳидҳои кории изофӣ ташкил мешаванд. Ҳушёрхона таъсис шавад, хуб аст, дилхоҳ масту аластро аз кӯчаҳо кашида, ба ҳушёрхонаҳо мебаранд, то ки ҳушёр карда шаванд, солим ва ба ҳуш биёянду баъд ба берун бароянд. Аммо ин ҳама бепул анҷом намешавад, афроди майхора ҷарима баста шуда, хизматрасониҳо дар ҳушёрхона пул акӣ хоҳад буд..."

Афзоиши бадмастҳо

Бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (моддаи 463), барои дар кӯчаву хиёбонҳо, боғҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ, ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба андозаи аз 35 то 105 сомонӣ (муодили аз 8 то 23 доллари амрикоӣ) ҷарима таъин карда мешавад.

Ва аммо иддае аз сокинони маҳаллӣ таъини як чунин ҷазоро барои афроди майхора нокифоя хонда, талаби ҳабси маъмурии мадҳушонро мекунанд, ки танҳо дар ҳушёрхонаҳои тиббӣ даст медиҳад. Ҳангомаи Исмат, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд:

"Ҳушёрхонаҳо заруранд. Баъзан вақт, агар бахусус аз даруни боғ гузаштанӣ шавед, ё аз пеши бозор, одамони маст хобанд, ҳаёҳӯй мекунанд. Аз ҷиҳати ахлоқӣ ҳам дуруст нест. Зеро кӯдакон дар кӯчаҳо ё боғу хиёбонҳо онҳоро дида, метарсанд, ё баръакс, аз онҳо нодуруст "ибрат" меги ранд. Ҳарчанд дар муқоиса бо солҳои пеш, ки русҳо бисёр буданд ва майзадаҳо дар кӯчаҳои шаҳр бисёр мушоҳида мешуданд, ҳоло русҳо каманд ва майзадаҳо ҳам кам дида мешаванд, аммо ба хотири таъмини бехатарии мардум ва нигаҳдории саломатии худи майхораҳо, бунёд кардани ҳуш° 8рхонаҳо зарурати худро гум накардааст..."


Дар ҳамин ҳол, Дилшод ном як сокини маҳаллӣ, ки чанд моҳ пеш аз сӯйи кормандони милиса барои истифода аз нӯшокии алкоҳол дар боғи марказии Қӯрғонтеппа боздошт шуда буд, мегӯяд, беҳтар аст, ки афроди майхора дар як чунин муассисаҳои расмии нигаҳдории мадҳушон нигаҳ дошта шуда, бар асоси қонун ҷарима баста шаванд:

"Маро, ки чандон маст набудам ва ба касе зарар нарасонидам, "ту мастӣ!" гуфта, дастгир карданд. Баъд таҳдид карданд, ки ба "отдел" мебарем. Гуфтам, ки ман ҷиноят накардаам, аммо гӯш накарданд. Баъд пора талаб карданд дар ивази раҳоиям. Охир ҳамин хел ҳушёрхонаҳо бошанд, хуб аст, на шарта мехӯрӣ, на касе ғайриқонунӣ пул талаб мекунад. Магар беҳтар нест, ки ҳамон ҷаримаи расмиро супорам, ки хеле камтар аз 200 доллари талабшуда буд?! Ҳарчанд худи ман одами чандон пулдору бадмасту майхора нестаму нӯшиданро бас кардаам..."

Пайомадҳои мадҳушиву бадмастӣ

Салим Эргашев
Созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ҳам бо таъкид ба зарурати таъсиси ҳушёрхонаҳо мегӯянд, дар ин авохир мавориди зӯроварию хушунати хонаводаӣ дар пайи мадҳушию бадмастӣ, ҳамчунин садамаҳои нақлиётӣ, ки низ бар асари мастӣ сар задаанд, бештар ба мушоҳида мерасанд. Салим Эргашев, як масъули созмони ҷамъиятии мавсум ба "Дилафрӯз" аз Қӯрғонтеппа, мегӯяд, замони ҳокимияти Шӯравии собиқ шумораи муассисаҳои нигаҳдории мадҳушоне, ки дар роҳраву хиёбонҳо мехобиданд ё тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекарданд, зиёд буд. Ба иддаои ҷаноби Эргашев, ҳамакнун барои таъмини оромӣ ва амнияти бештари шаҳрвандон барои гаштугузори озод дар шаҳр, эҳёи дубораи чунин ҳушёрхонаҳо муҳим аст:

"Хатар ҳам дорад, аз нуктаи назари он ки одами маст худро идора карда наметавонад, ба равуои озоду бемалоли одамон дар кӯчаҳо халал расонида метавонанд, нороҳат мекунанд. Гузашта аз ин, онҳо ба хонаҳояшон рафта, ба зану фарзандонашон ҳам зӯроварӣ карда метавонанд. Агар ҳушёрхонаҳо дубора бунёд шаванд, афроди бадмаст боздошт ва то 15 рӯз, мисли пешин, ба ҳабс гирифта шаванд, то ки аҳли хонаводаашон ҳам бидуни тарсу ваҳм, зиндагии дуруст дошта бошанд ва бехатарии одамон ҳам дар кӯчаҳо таъмин карда шавад..."

Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ

Ин ҳама дар ҳолест, ки мақомоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯянд, масъулияти таъсис ва таъмину нигаҳдории ҳушёрхонаҳоро бояд идораи ҳифзи тандурустии минтақа ба дӯш дошта бошад. Ба иддаои Сӯҳроб Саломов, муовини якуми сардори РКД-и Хатлон, беҳтар мебуд, ки ҳукумати кишвар дар масъалаи таъсис ва ӯҳдадории ҳушёрхонаҳо ба ҳукумати Русия пайравӣ кунад:

"Дар Русия ҳушёрхонаҳоро ба дӯши вазорати тандурустӣ вогузоштаанд, ки дуруст аст. Фикри ман ин аст, ки ҳушёр кардани одами маст кори милитсия нест. Милитсия кори аз ин муҳимтар дорад ва ҳушёр кардани маст кори пизишкон аст, ин корро беҳтар аз онҳо анҷом додан номумкин аст, зеро ҳар кор шуданаш мумкин, мабодо одами маст бар асари нӯшидани бисёр дар ҳушёрхона фавтад ё ба беморие печад, сад гапи дигар шуданаш мумкин. Барои аз ҳар хел функсияҳои нодаркор озод кардани милитсия ҳамин корро дар Тоҷикистон ҳам кардан даркор..."

Ва аммо дар идораи беҳдоштии вилояти Хатлон мегӯянд, дар масъалаи таъсиси ҳушёрхонаҳо ба ин ниҳод ҳеҷ пешниҳод ё даъвате расмӣ нарасидааст ва масъулияти бунёди чунин муассисаҳо ҳам ба дӯши идораи беҳдоштии минтақа нест.

Гуфтанист, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон дар ду даҳсолаи ахир ягон ҳушёрхонаи тиббӣ фаъолият намекунад, чун вопасин як чунин муассиса дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳанӯз дар солҳои 90-ум, замони ҷанги шаҳрвандӣ, дар пайи як оташсӯзӣ тахриб шуда буд.

Идораи милисаи Хатлон мегӯяд, то чанд соли пеш шӯъбаҳои корҳои дохилӣ мустақиман тобеи ҳукуматҳои маҳаллӣ буданд ва бинои ҳушёрхонаҳо низ дар ихтиёри ҳукуматҳо буд. Зимнан, дар бораи тақдири биноҳои собиқ муассисаҳои нигаҳдории мадҳушон дар вилояти Хатлон иттила eе рӯйи дасти ҳеҷ кадом ниҳоди расмӣ нест.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG