Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб бегоҳии имрӯз, 4-уми август, иттиҳоми одамфурӯшӣ алайҳи ду узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷануби кишварро беасос донист.

Шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили Вазорати корҳои Дохилаи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Абдуфаттоҳ Абдухолиқов, раиси Ҳизби наҳзати исломи дар ноҳияи Восеъ ва Неъматулло Шарипов, узви дигари ин ҳизбро бо гумони фурӯши ду ҷавондухтар дар моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт карда буданд.

Аммо Илҳом Комилов, судяи парвандаи мазкур зимни қироати ҳукм гуфт, ки далелҳои пешниҳодшуда дар нисбат ба ин ду нафар асос надоранд ва аз нигоҳи қонун дар рафтори онҳо кирдори одамфурӯшӣ мушоҳида намешавад. Аз ин рӯ ҷаноби Комилов гуфт, ки феълан дар нисбат ба ин ду нафар ҷазо тадбиқ нашуда, парванда дубора ба додситонӣ ирсол мешавад ва ашхоси норозӣ аз ҳукми додгоҳ дар мӯҳлати 10 рӯз метавонанд ба додгоҳи болоӣ шикоят кунанд.

Қаблан, Давлат Наҷмиддинов, сардори шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташакил дар минтақаи Кӯлоб гуфта буд, ки онҳо ин ду узви Ҳизби наҳзатро дар фурӯши инсон гумонбар медонанд.

Боздоштшудагон ва наздикони духтароне, ки ба гуфтаи мақомот фурӯхта шудаанд, ин иддаро рад намуда, изҳор медоштанд, ки ҳадафи онҳо танҳо барпо намудани оила будааст ва дар ин миён ҳеҷ хариду фурӯшу маҷбуркунӣ сурат нагирифтааст.

Истиқболи ҲНИТ аз ҳукми додгоҳ

Абдуфаттоҳ Абдухолиқов, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва яке аз гумонбарон пас аз мурофиаи додгоҳӣ ҳукми кунунии додгоҳро холисона донист. Ӯ мегӯяд, акнун маълум шуд, ки ба одамфурӯшӣ гумонбар донистани онҳо тӯҳмате беш набудааст.

Ӯ афзуд: «суд як ҳукми одилонаи худро муайян кард. Аз рафти мурофиаи судӣ маълум шуд, ки байни мову духтаре, ки ба шавҳар додем ва духтаре, ки ба шавҳар додани будем, як муносибати хешу таборӣ будааст ва ягон хариду фурӯше дар ин ҷо набудааст. Мақсади мо барпо кардани оила ва духтаронро ба як роҳи рости зиндагӣ раҳнамоӣ намудан буд. Моро бо моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар медонистанд ва ҳоло суд инро нодуруст донист . Ҳукми суд одилона буд».

Зарардида: Маро касе нафурӯхтааст

П. С. яке аз он духтароне, ки қаблан фурӯхташуда дониста мешуд, гуфт, ки ҳукми додгоҳро ҷониборӣ мекунад ва ба он мувофиқ аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз ҷониби касе фурӯхта нашудааст.

Ӯ гуфт: «Ман бо ихтиёри худ ба як марди тоҷик, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, ба шавҳар баромада будам. Мо фурӯхтагӣ набудем ва зиндагии мо хуб буд. Хоҳарамро ҳам чунин гуфтанд, аммо ӯ пеши манн меомад ва он марде, ки номзадаш буд, маъқул мешуд, шавҳар мекард ва агар не, бо ман меистод ва кор мекард. Шавҳари ман муъмину мусулмон буд ва он номзади хоҳарам ҳам инсони хуб буд. Мо фурӯхта нашуда будем ва инро ҳозир суд ҳам маълум кард».

Масъулини шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташакил дар минтақаи Кӯлоб иддао доштанд, ки барои гумонбар донистани ин ду нафар ба одамфурӯшӣ ҳамаи далелро рӯи даст доранд.

Онҳо ин ду узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои фурӯши ду духтари ҷавон аз як хондаон ва интиқоли онҳо ба хориҷи кишвар гумонбар медонистанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG