Пайвандҳои дастрасӣ

Хотираҳои ҳамдиёрон дар бораи Зафар Нозим


Зафар Нозим дар ҳалқаи дӯстон. Акс аз хазина

Зафар Нозим дар ҳалқаи дӯстон. Акс аз хазина

Дар хотироти ҳамдиёрони устод Зафар Нозим ҳамон анбӯҳи ҳаводорон, овози ширин ва навоҳои борбадии ӯ нақш бастаанд. Марги ин ҳунарманди пуровозаро мардуми минтақаи Рашт ҳамчун як фоҷеа ва талафоти бузурге дар санъати миллии тоҷик қабул унвон мекунанд.

Он чи ки мо мушоҳида кардем, барои бисёриҳо дар ин рӯз сухан гуфтан осон набуд, зеро ҳама ёру дӯстон ва ихлосмандонаш ашк мерехтанд. Ва танҳо аз ҷавонмардиву ҳунари ин хунёгари бузург ёдоварӣ мекарданд.



Мирзои Азиз, як сокини ноҳияи Рашт, ки давоми як сол дар дастаи Зафар Нозим ба ҳайси навозанда кор кардааст, мегӯяд, устод бо ҷавонмардиҳояш як дунёро дар худ ҷой дода буд. Вай мегӯяд, миллат нафареро аз даст дод, ки дар таърихи санъати тоҷик аз худ осори мондагоре барҷой гузошт.

Аммо насли калонсол дар минтақаи Рашт бештар шӯҳрати Зафар Нозимро дар ёд доранд. Маҳмадсодиқ Розиқов, як нафар ҳамдиёри ӯ мегӯяд, овозаи Зафар Нозим дар солҳои 60-70-ум то он дараҷае буд, ки шумори ихлосмандони ӯ дар Афғонистон, Эрон, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз низ кам набуданд.

Вай гуфт, аз забони худи устод шунидааст, ки дар яке аз консертҳо шоҳи Эрон ба Зафар Нозим табарчаи тиллоӣ тақдим кардааст. Ва сарвазири вақти Афғонистон ба ҳангоми хайрухуш дар соҳили рӯдхонаи Панҷ, ки майдаборон меборид, ҳамон ғазали машҳури Шайх Саъдӣ «Бигзор то бигирям»-ро хондааст, ки аз шӯҳрати Зафар Нозим дар он замон шаҳодат медиҳад.

Мирзои Азиз, яке аз сарояндагони ноҳияи Рашт мегӯяд, Зафар Нозим ба мухлисони худ эҳтироми зиёд қоил буд ва ҳеҷ ҳунарманде ба мисли ӯ ҳаводоронашро дӯст намедошт.

Охирин дидори Зафар Нозим бо мардуми кӯҳистони Рашт як сол пеш дар маъракаи сари соли сари писари ҷавонмаргаш Соҳибқирони Нозим буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG