Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ


Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба як матлаби Озодӣ таҳти унвони «Шикояти шаҳрвандони Афғонистон аз сафорати Тоҷикистон” вокуниш нишон додааст. Вазорати хориҷа навиштааст, пас аз нашри матлаби Озодӣ масъалаи мушкилоти дарёфти раводид дар сафорати Тоҷикистон дар Кобул мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Ба роҳбари
бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ»
Соҷидаи Мирзо


Гузорише, ки дар сайти Радиои «Озодӣ» дарҷ шуда буд ва ба қалами Фарҳоди Милод таалуқ дорад (http://www.ozodi.tj/content/article/2099728.html), дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вобаста ба мазмуну мундариҷаи гузориш чунин посух медиҳем.

Масъалаи ҷой доштани мушкилоти гирифтани раводиди Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пас аз маводи дарҷнамудаи Радиои «Озодӣ» бори дигар мавриди санҷиш қарор гирифт.

Бо супориши Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба мақсади санҷидани далелҳои шикоятҳои баъзе аз шаҳрвандони Афғонистон, аз ҷумла, маводе, ки дар сомонаи интернетии Радиои «Озодӣ» нашр шуда буд, гурўҳи кории Вазорат рӯзҳои 17-20 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Кобул қарор дошт. Зимни сафари худ гурўҳи корӣ бо намояндагони мақомоти амнияти кишвари ҳамсоя вохўриҳо гузаронида, аз дўконҳои атрофи Сафорат, ки дар миёнаравӣ ва тақаллубкорӣ даст доранд, дидан намуданд.

Мувофиқи маълумотҳои бадастомада, ин дўконҳо дар дастрас намудани раводиди Тоҷикистон алоқамандӣ доранд ва арзиши он аз қиммати муқарраргардида якчанд маротиба гарон аст. Ин «дўкон»-ҳо дар асл ширкатҳои хусусие мебошанд, ки чун дар дигар кишварҳо хизматрасонии туристиро (дастрас намудани раводид, харидани чипта, фармоиши меҳмонхона ва ғ.) ба роҳ мондаанд, барои чунин фаъолият иҷозатномаи расмӣ доранд ва шаҳрвандони Афғонистон ба нархи гарони чунин хизматрасонӣ нигоҳ накарда, ба чунин ширкатҳо муроҷиат мекунанд. Ҳол он, ки онҳо метавонанд барои гирифтани раводиди Тоҷикистон мустақиман ба Сафорати ҶТ дар ҶИА муроҷиат намуда, бо пардохти хироҷҳои дар қонунгузорӣ муайяншуда раводиди худро дастрас намоянд. (Воқеан, дар ин ширкатҳои сайёҳӣ ва чиптафурӯшӣ барои дарёфт намудани раводиҳои Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Россия, Хитой, Қазоқистон, Шриланка ва дигар давлатҳо маблағи зиёд талаб мекунанд).

Дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Кобул барои гирифтани раводид ҳеҷ гуна навбат нест. Рӯзҳои дар Кобул санҷиш гузаронидани гурӯҳи корӣ рӯзе аз ҳама бисёр то бист нафар корафтодагон ба сафорат муроҷиат карда, то нисфирӯзӣ масъалаҳои худро ҳал кардаанд. Қисми зиёди онҳое, ки ба сафорат муроҷиат карда буданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои аврупоие буданд, ки дар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии муқими Афғонистон кор мекунанд.

Гурӯҳи корӣ бо кормандони мақомоти дахлдори Афғонистон, кормандони дуконҳои ҳамшафати бинои сафорат, сокинони маҳалла дар тамос шуда, ҷой доштани ҳолатҳои дар навбат истодани шаҳрвандон барои дарёфти раводид ва дигар мавридҳои вобаста ба маводи дарҷшударо омӯхт.

Бояд зикр кард, ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ доимо аз болои фаъолияти намояндагиҳои консулии ҶТ дар Афғонистон назорати ҷиддӣ мебарад. Чанде қабл дар асоси маълумотҳое, ки ба Вазорат расида буданд, тибқи дастури роҳбарияти Вазорат, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кобул дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат ҷиҳати аз байн бурдани кори миёнаравӣ ва корҳои тақаллубӣ бо соҳибони дуконҳои гирду атрофи Сафорат сўҳбат гузаронида, онҳоро расман огоҳонида буданд.

Моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ бинобар сабаби гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ ва авҷгирии бемории фалаҷи ҳароммағз (полиомиелит), ба шаҳрвандони баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла ҶИА, дар таҳияи раводиди Тоҷикистон муваққатан маҳдудият ҷорӣ карда шуд, ки боиси нофаҳмиҳои бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ гардид.

Тоҷикистон барои омадурафти шаҳрвандони Афғонистон ҳавасманд аст. Мақсад аз сохтмони роҳу пулҳои нав тавсеа бахшидан ба ҳамкорӣ ва тиҷорат аст, ки ин омадурафти сокинонро бамароти афзоиш медиҳад. Дар баробари ин роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ масъалаҳои консулӣ, аз ҷумла, таҳия намудани раводиди омаду рафти шаҳрвандони ин кишварро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст. Зеро айни ҳол вазъи амниятии кишвари ҳамсоя ноором боқӣ монда, дар додани раводиди омадурафт ба шаҳрвандони ин кишвар эҳтиёткориро талаб мекунад.

Дар масъалаи додани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҶИА, Раёсати консулии Вазорат ва намояндагиҳои консулии хориҷи кишвар, пеш аз ҳама, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, супоришҳои вазорат ва ҳамчунин манфиатҳои милии давлатӣ амал менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ягона кишварест, ки дар ҶИА чор муассисаи консулӣ ифтитоҳ намудааст. Шаҳрвандони ҶИА, ки хоҳиши гирифтани раводиди навъи «сайёҳӣ»-ро доранд, метавонанд бемамоният онро аз ин муассисаҳои консулӣ дастрас намоянд.

Дар ин муассисаҳои консулӣ ба шаҳрвандони Афғонистон моҳе беш аз 1000 раводид таҳия мегардад. Дар худи Раёсати консулии Вазорат бошад ҳар моҳ тақрибан 500 шаҳрвандони Афғонистон (соҳибкорон, тоҷирон, донишҷўён, гурезагон, шахсони дорои ҳуҷҷати иҷозати иқомат) раводид мегиранд.

Айни ҳол тақрибан 200 нафар шаҳрвандони Афғонистон, ки дар ширкатҳои боркашонии нақлиётӣ машғули коранд, раводиди навъи бисёркаратаи «нақлиётӣ» дошта, бемамониат дар ҳамлу нақли байналмиллалӣ фаъолият мебаранд.

Тартиби дастрас намудани раводидро Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №122 тасдиқ гардидааст, муайян месозад. Барои гирифтани раводиди ба мақсади сафар мувофиқ, пешниҳоди он ҳуҷҷатҳое зарур аст, ки қонунгузорӣ талаб мекунад.

Баъди қабули қоидаҳои мазкур ҳамаи мушкилиҳои будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки ҳамсари (зан ё шавҳари) шаҳрванди ҶТ мебошанд, ҳалли худро ёфтанд. Имрўзҳо шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси қонунгузории Тоҷикистон бо шаҳрванди ҶТ ақди никоҳ бастаанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима (нусхаҳои ақди никоҳ, шиносномаҳои зану шавҳар, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон, номаи дархостии мақомоти корҳои дохилии маҳалли иқомат) метавонанд тибқи мўҳлатҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда, ин намуди раводидро дастрас намоянд.

Аммо дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони хориҷӣ танҳо ба хотири дастрас намудани раводиди Тоҷикистон ва будубош ба мўҳлати муайян, дар баробари кору тиҷорат доштан дар Тоҷикистон бо шаҳрвандони кишвари мо оиладор мешаванд. Баъди анҷоми кор, ин шаҳрвандон ба ватани худ рафта, бо баҳонаи нагирифтани раводид дубора ба Тоҷикистон барнамегарданд. Бар замми ин, бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳи қонунӣ намебанданд ва аз ин сабаб занҳои гумроҳшуда аз чунин афрод ҳуқуқҳои худро талаб карда наметавонанд.

Бархе аз шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқвайронкунӣ дастгир мегарданд, бо қарори мақомоти салоҳиятдор аз қаламрави ҷумҳурӣ берун (депортатсия) мешаванд ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳуқуқи таҳия намудани раводидро ба ин гуна шахсон надоранд.

Бо дарназардошти дархосту эродҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар робита ба гирифтани навъҳои гуногуни раводид, аз қабили навъҳои «ҳамсар/шавҳари шаҳрванд», «меҳнатӣ», «таҳсилӣ», «таҳсили академӣ» ва ғайра, Раёсати консулии Вазорат маълумотҳои иловагиро омода намудааст, ки ба сомонаи ВКХ ҶТ (http://www.mfa.tj) ворид карда мешаванд.

Д. Назриев, сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG