Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари эътирозҳои Химкӣ боздошт шуд


Мақомоти милисаи Русия дар ҳошияи шаҳри Маскав Евгения Чирикова, раҳбари ҷунбиши зистмуҳитиеро, ки алайҳи бунёди шоҳроҳи нав тавассути ҷангалистони Химкӣ эътироз мекард, боздошт кардаанд. Хонум Чирикова дар пайи нишасти хабариаш аз сӯи маъмурони ОМОН боздошт шудааст.
Мақомот мегӯянд, ки ӯро барои бозпурсӣ гирифтаанд.
Чирикова ҳамроҳ бо даҳҳо эътирозгари дигар талош доранд, монеъи буридани бахше аз ҷангалистони Химкӣ шаванд. Мақомот мехоҳанд шоҳроҳи нави Маскав-Санкт-Петербургро тавассути ҳамин ҷангалистон бисозанд.
XS
SM
MD
LG