Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди панҷрӯзаи Зардорӣ аз Бритониё


Раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ бо як сафари расмиии панҷрӯза дар Бритониё қарор дорад. Ин боздид дар пасманзари таниши байни Исломободу Лондон бар сари як изҳороти сарвазири Бритониё Девид Камерон аст, ки ҳафтае пеш Покистонро алайҳи содироти терроризм ҳушдор дод. Қарор аст, Зардорӣ рӯзи ҷумъа бо Камерон мулоқот кунад. Ӯ гуфтааст, мояи хашми Исломобод аз баёнияи тунди Камерон дар мавриди ҳимояти афроде дар Покистон аз “содироти террор” ба Афғонистону Ҳиндро ба худи ӯ хоҳад фаҳмонд. Рӯйдоди дигаре ки рӯи боздиди Зардорӣ соя афкандааст, селхезиҳои пурқурбонӣ дар Покистон аст, ки мунҷар ба ҳалокати то 1500 нафар шуда, ба 3,5 миллион нафар асобат кардааст. Мухолифин Зардориро танқид мекунанд, ки бо вуҷуди ин офатҳои пурқурбонӣ барои як ҳафта ба сафари Аврупо рафтааст.
XS
SM
MD
LG