Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доку Умаров хабари истеъфояшро такзиб кард


Дар Интернет як навори нави видеоӣ нашр шуд, ки бовар меравад, аз раҳбари чирикиҳои чечен Доку Умаров бошад. Гӯянда дар ин навор қарори қаблиаш дар мавриди истеъфо аз фармондеҳии чирикиҳои Қафқози шимолиро такзиб мекунад.
Сомонаи интернетии ба чирикиҳои чечен наздики “Кavkazcenter” рӯзи 1 август навори видеоиеро нашр кард, ки дар он Умаров мегуфт, раҳбариро ба Асламбек Вадалов месупорад.
Дар навори ахир гӯянда изҳороти қаблии ба Доку Умаров марбутшударо ҷаълӣ хонда, мегӯяд, вазъи сиҳҳаташ хуб аст ва вазъи кунунии пешомада дар Қафқози шимолӣ истеъфои ӯро ғайримумкин мекунад. Доку Умаров соли 2006 раҳбари чирикиҳои Чеченистон интихоб шуд ва соле баъд худро амири Қафқоз эълон кард. Ин аморат дар тасаввури чирикиҳо ҷумҳуриҳои мухтори Қафқози шимолӣ ва бархе вилоёти дигари ҷануби Русия дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG