Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқрори нирӯҳои изофӣ дар кӯчаҳои Карочӣ


Покистон дар пайи хушунатҳои қавмиву сиёсии шаби гузашта, ки 13 куштаи дигар ба ҷо гузошт, ба шаҳри бандарии Карочӣ дар ҷануби кишвар нирӯҳои изофии амниятӣ эъзом кард.
Тайи 3 рӯзи гузашта аз қатли сиёсатмадор Ризо Ҳайдар бар асари хушунатҳо дар Карочӣ дастикам 48 нафар кушта шуданд.Ӯ зимни як маросими дафн дар масҷид кушта шуд. Сухангӯи давлат Ҷамил Сумро истиқрори нирӯҳои изфоӣ дар Карочиро тасдиқ кард, вале аз гуфтани шумори нирӯҳое, ки ба дидбонии кӯчаҳои ин шаҳри бандарӣ пардохтаанд, худдорӣ кард.
Мақомот дар бораи ҳуввияти қурбониён ва сабабҳои қатли онҳо маълумоти зиёде намедиҳанд, вале бовар меравад, ки кушташудагон аъзои гурӯҳҳои мухталифи қавмиву сиёсӣ бошанд.
XS
SM
MD
LG