Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ориёнбонк» ба кони ёқути Мурғоб соҳиб мешавад


«Ориёнбонк» ва як ширкати Куриёи Ҷанубӣ барои коркарди кони ёқут воқеъ дар ноҳияи Мурғоб муҷаввиз дарёфт карданд.

Сардори идораи иқтисоди Бадахшон Латиф Шоҳзодаев бо таъйиди ин хабар гуфт, ки айни ҳол Корхонаи воҳиди давлатии иктишофи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии назди сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ ба манзури муаяйянсозии ҳаҷми захоир ва сифат дар кони ёқути «Снежный» ба кор шуруъ кардаанд.

Вай гуфт, ки аммо ҳуқуқи истихроҷи маодинро «Ориёнбонк» ва ширкати куриёи соҳиб шуданд ва интизор меравад дар рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз кунанд.

Сангҳои гаронбаҳо- манбаъи сердаромад

Ба гуфтаи Латиф Шоҳзодаев, тибқи дурнамои рушди Бадахшон, барои коркарди конҳои сангҳои қиматбаҳои минтақа ҷалби сармояи 300 миллон доллара зарур аст.

Вай афзуд, ки аммо даромад аз истихроҷ ва маҳсули сангҳои гаронбаҳо метавонад на танҳо буҷаи вилоятро аз қарз раҳонад, балки дар қатори арзиз ва пахта ба манбаъи муҳими ғанӣ гардондани буҷаи ҷумҳурӣ табдил гардад.

Дар ҳамин ҳол, мудири шӯъбаи геологияи мақомоти вилоят Давлатмир Бекмамадов захоири конҳои ёқутро дар Помири шарқӣ бештар аз 1,5 миллон карат арзёбӣ мекунад.

Вай изҳор дошт, ки ин захоир ҳануз дар давраи собиқ шуравӣ аз тарафи мутахассисон ҳисоб шуда дар ҳуҷҷатҳо қайд шудааст.

Давлатмир Бекмамадов афзуд, ки як карати ёқут ба 0,002 грамм баробар буда, дар бозори ҷаҳонӣ аз як то се ҳазор доллар арзиш дорад. Аммо вобаста ба ҳаҷм ва сифати санг нархи як карати ёқут метавонад, то даҳ ҳазор доллар боло хезад. Вай гуфт, ки конҳои ёқут дар Помири шарқӣ авохири солҳои 1970-ум кашф гардиданд.

Ба гуфтаи мутахасисон, ёқут пас аз санги алмос гаронбаҳотарин санг маҳсуб мешавад.

Ва аз лаъл ҳам қимматтар......

Бадахшон аз қадим чун макони лаъли оташранг шинохта мешуд ва васфи қиммату зебоии ин санги гаронбаҳоро қариб дар ашъори бештари шоирон дучор меоем:

Оташин лаъле, ки тоҷи хусравонро зевар аст,
Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар сар аст.

Аллома Иқбол ҳам мегӯяд:

Фикри рангинам кунад назди тиҳидастони Шарқ,
Пораи лаъле ки дорам аз Бадахшони шумо.

Аммо вақтҳои охир сифат ва қиммати санги гаронбаҳои ёқут ба дилҳо оташ ва ба сарҳо васваса андохтаааст ва ҷӯяндагони зиёде дар минтақа орзуи ба даст овардани ин санги гаронбаҳоро доранд.

Ба гуфтаи Давлатмир Бекмамадов ранги сурхи хунин ва мустаҳкам, ёқутро аз лаъл пеш мегузорад.

Давлатмир Бекмамадов мегӯяд, ки корҳои иктишофӣ ва истихроҷи ёқут дар даврони собиқ шуравӣ мармуз монданд, аммо чанд сол қабл низ ҳангоме, ки вай ба ҳайси мудири шӯъбаи геология аз кон дидан кард, ба бесарусомонӣ ва бенизомии пурра рӯбурӯ гардид.

Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ............


Ба гуфтаи Бекмамадов, мақомоти Бадахшон зери фишори гуруҳҳои манфиатталаб дар вилоят ва марказ, ки аз бесарусомонӣ манфиатдоранд, шуъбаи геологияро дар минтақае, ки 99 дар садаш куҳсор аст, барҳам доданд.

Ва баръакс дар Бадахшони замини корамаш ба як дар сади масоҳати умуммии он баробар буда, ба ниҳоди кишоварзӣ авлавият доданд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи масъулини кони Кӯҳи Лаъл-воқеъ дар Ишкошим, ҳамагӣ 12 дар сади кон омӯхта шуда, захоири он барои ҳазорсолаҳои оянда кифоят мекунад.

Нишондиҳандаи баландтарин солҳои охир дар ин кон, истихроҷи 6 килогармм лаъли саноатӣ буда, гуфта мешавад, ки бо фароҳам шудани имконоти техникӣ ҳамасола то 20 килогармм лаъли саноатиро метавон аз ин кон бадар овард.

Дар ҳамин ҳол дар натиҷаи марзбандии ахири байни Тоҷикистону Чин хати марз ба конҳои ёқут наздиктар омад.

Вале Давлатмир Бекмаадов муътақид ҳаст, ки агарчанде чиниҳо ба қисме аз тилло, намак, флюорит соҳиб шуданд, аммо конҳои ёқут аз таъсири марзбанди эъмин мондаанд.

Вай афзуд, ки аммо дар наздикии конҳои ёқут олимони собиқ шуравӣ нишонаҳои кони алмосро ёфта буданд, аммо натоиҷи ниҳоии таҳқиқоташонро ифшо накарданд ва агар кони алмос кашф шуда бошад, пас он акнун дар он тарафи хати марз қарор дорад.

XS
SM
MD
LG