Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарахти баҳсӣ дар ҷониби Исроил будааст


Нирӯҳои ҳомии сулҳи СММ дар ҷануби Лубнон имрӯз таъйид карданд, ки дарахте, ки боиси даргирии хунини дирӯза дар марзи Лубнону Исроил шуд, дар ҷониби марбут ба Исроили “хатти кабуд” воқеъ буд. “Хатти кабуд” хаттест, ки дар манотиқи баҳсии марз нирӯҳои Лубнону Исроилро аз ҳам ҷудо мекунад.
Рӯзи сешанбе бар асари як даргирӣ байни ин нирӯҳо як сарҳанги исроилӣ, дастикам 2 сарбоз ва як хабарнигори лубнонӣ кушта шуданд. Ин даргирӣ вақте рух дод, ки нирӯҳои Исроил талош карданд, дарахтони воқеъ дар атрофи “хатти кабуд” дар қаламрави баҳсиро бибуранд.
XS
SM
MD
LG