Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико хостори таҳримоти изофии Ҷопон алайҳи Эрон шуд


Амрико аз Ҷопон даъват кард, ба пайравӣ аз ИА алайҳи Эрон таҳримоти изофӣ эъмол кунад. Ин дар ҳолест, ки Ҷопон як рӯз пеш алайҳи Эрон таҳримоти мусодиф бо қатъномаи СММ-ро ҷорӣ кард ва гуфт, қасд дорад, дар давоми моҳи ҷорӣ бар зидди Ҷумҳурии исломӣ тадобири изофии муҷозотӣ эъмол кунад.Фиристодаи хоси Амрико дар умури манъи густариши силоҳҳо Роберт Эйнҳорн имрӯз дар Токио гуфт: "Таҳримоти ИА тадобири шадидест, вале аз сӯи Ҷопон ҳам тасвиб шудани чунин тадобири шадид ба иқтисоди Ҷопон таъсири хеле манфие нахоҳад гузошт.”
Шӯрои Амнияти СММ дар моҳи июн ба далели саркашии Эрон аз иҷрои тақозои манъи ғанисозии ураниум алайҳи Теҳрон даври чоруми таҳримоташро ҷорӣ кард. Ғанисозӣ бахше аз барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон аст, ки ба бовари бисёре аз кишварҳо, Теҳрон бо ҳадафи даст ёфтан ба тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ пеш мебарад. Эрон барномаҳои ҳастаияшро сулҳомез хонда, мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди сӯхти ҳастаист.
Амрико дирӯз алайҳи 21 ширкати ҳамкор бо Эрон, ки бовар меравад, Эрон аз онҳо ба хотири гурез аз таҳримоти байналмилалӣ ва кӯмак ба фаъолиятҳои ҳастаияш истифода мебарад, низ таҳримот ҷорӣ кард.
XS
SM
MD
LG