Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли 395 тобут аз Русия дар ним сол


Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 адад тобути шаҳрвандони Тоҷикистон оварда шудааст, ки ин рақам нисбат ба 6 моҳаи соли 2009 15 адад зиёд аст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, ба радиои Озодӣ гуфт, аз 395 тобути шаҳрвандони ба ватан овардашуда 41 нафар аз Душанбе, 126 нафар аз Хатлон, 23 нафар аз Бадахшон, 122 Сугд, 83 нафар аз навоҳии тобеи ҷумҳур мебошанд: «Аз ин теъдод 51 нафар кушта шудаанд, 8 нафар худкӯшӣ кардааст, 16 нафар бо тариқи заҳролудшавӣ, 45 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ, 95 нафар дар пайи ҳодисаҳои ногаҳонӣ, 153 нафар бар асари беморӣ ва 27 нафар дар ҳолатҳои номуайян ҷони худро аз даст додаанд». Ба гуфти манбаъ аз 51 далели куштори муҳоҷирони кории Тоҷикистонӣ 11 далели он ошкор шудааст, ки 8 далели онро худи шаҳрвандони Тоҷикистон содир кардаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад дар муддати 6 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави Русия аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон 4 620 ҷиноят содир шудааст ва нисбати шаҳрвандони мо 866 чиноят нисбат ба шаҳрвандони муҳоҷири мо содир шудааст, ки 51 тои он куштор мебошад.
XS
SM
MD
LG