Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заминларза дар Тоҷикистон


Бино ба иттиллои Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон , шаби гузашта соати 21.26 ба вақти маҳаллӣ, заминларза пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи онро такон додааст. Бар асоси гуфтаи манобеъ, шиддати заминҷунбӣ дар маркази он, ки 68 километрии ҷанубу шарқӣ шаҳри Душанбе мебошад, 5.5 дараҷаи Риштер будааст. Шиддати зилзила дар Душанбе 2.3 ва дар Норак 3.3 ва дар Роғун 4 дараҷаро нишон додааст. Маркази заминшиносии Академияи улуми Русия низ ин хабарро таъид намуда, маркази зилзиларо дар 33 километр чуқурии замин донистааст.
XS
SM
MD
LG