Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафни ҷанозаи Зафари Нозим дар оромгоҳи Лучоб


Субҳи имрӯз, 4 август ҷанозаи овозхони саршиноси тоҷик Зафари Нозим дар ҳузури ҳазорон тан аз мухлисонаш дар оромгоҳи Лучоби пойтахти Тоҷикистон ба хок супурда шуд. Зафари Нозим рӯзи 3 август баъди бемории тӯлонӣ дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Зафари Нозим, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва аз маҳбубтарин овозхонҳои 50 соли охир дар ин кишвар, дар гузашта раҳбарии филмармонияи давлатӣ ва огурӯҳи мардумии “Ганҷина”-ро бар ӯҳда дошт.
Дар моҳи июн ба шарафи 70-солагии Зафари Нозим дар Душанбе консерти пуршукӯҳе барпо шуд, ки тавре акнун маълум мешавад, охирин зуҳури ӯ дар саҳна будааст.
XS
SM
MD
LG