Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нави тӯфонҳо дар Покистон


Давлати Покистон имрӯз дар як ҷаласаи зиддибӯҳронӣ таҳти раёсати сарвазир Юсуфризо Гелонӣ роҳҳои тавзеъи сареътари кӯмакҳо ва ҳисобукитоби хисороти расида бар асари селхезиҳои охирро баррасӣ мекунад. Ҳаҷми хисоротро алакай дар ҳудуди садҳо миллион доллар рақам мезананд.
Ин дар ҳолест, ки Покистон ба мавҷи нави тӯфонҳо рӯбарӯ шуда, артиши Покистон мегӯяд, амалиёти наҷоти ҷомиаҳои осебдида ба маҳзи селхезиҳо қатъ шудааст. Генерал Абҳар Аббос гуфтааст, маҳз обуҳавост, ки монеъи иҷрои ин амалиёт шуд. Ӯ ҳамзамон интиқодҳои бархоста роҷеъ ба кундии посухи мақомот ба ин офоти табииро радд кард.
Кормандони имдодии СММ мегӯянд, селхезиҳои бесобиқа дар Покистон ба беш аз 3 миллион нафар асобат карда, теъдоди қурбониёнаш ба 1400 нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG