Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт Гетс, сухангӯи Кохи Сафед, дар вокуниш ба изҳороти Маҳмуд Аҳмадинажод дар бораи омодагӣ барои гуфтугӯ бо Амрико гуфта аст, ки Вошингтон ҳамвора хоҳони гуфтугӯ бар сари барномаи атомии Ҷумҳурии Исломӣ буда, аммо ин Теҳрон аст, ки ҳеҷ гоҳ ҷиддӣ амал накардааст.

Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон пештар гуфта буд ҳозир аст ба таври рӯ дар рӯ ва мустақим дар бораи идораи ҷаҳон бо Борак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфтугӯ кунад.

Сухангӯи Кохи Сафед гуфт: «Мо ҳамвора гуфта будем, ки хоҳони гуфтугӯ дар бораи барномаи атомии номашруъ ва ғайриқонунии Эрон ҳастем, агар Эрон ба шакли ҷиддӣ бихоҳад онро анҷом диҳад»

Сухангӯи Кохи Сафед афзуд: «То имруз ки чунин ҷиддиятеро аз суи Эрон надидаем»

Аҳмадинажод бо Обама гап задан мехоҳад

Маҳмуд Аҳмадинажод рӯзи душанбе гуфта буд, ҳозир аст дар ҷараёни сафари моҳи ояндаи худ ба Амрико барои ширкат дар маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо Борак Обама гуфтугӯ кунад.

Маҳмуд Аҳмадинажод муддаъи шуд, ки Борак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз фурсатҳои таърихии худ «истифодаи дуруст» накард ва гуфт: « Оқои Обама дар муҳосаботи худ беш аз андоза ба саҳюнистҳо баҳо медиҳад».

Эрон ва ИМА аз 30 сол беш то кунун равобити дипломутик бо якдигар надоранд ва таниш миёни ин ду кишвар ҳамвора яке аз бузургтарин чолишҳои ҷаҳонӣ будааст.

Амрико ва муттаҳидони ғарбии он нигарон ҳастанд, ки Эрон дар пӯшиши фаъолиятҳои ҳастаии худ, ба дунболи сохти бомбаи атомӣ бошад, вале Теҳрон ин барномаро сулҳомез тавсиф мекунад.

Дар ҳафтаҳои ахир, бори дигар бархе гузоришҳо дар хусуси эҳтимоли ҳамлаи Исроил ва Амрико ба пойгоҳои атомии Эрон интишор шуда, ки вокуниши сахти мақомҳо ва фармондеҳони низомии Эронро дар пай доштааст.

Таҳримҳои нав алайҳи Эрон

Аҳмадинажод бо интиқод аз судури қатъномаҳои таҳримии Шӯрои Амният алайҳи Эрон изҳор дошт: «Мегӯянд мо қатънома медиҳем, хуб қатънома бидиҳанд, то кунун чанд қатънома додаед? Чаҳор то, ин қадар қатънома бидиҳед то чаҳор ҳазор шавад»

Шӯрои Амнияти СММ барои водор кардани Эрон ба мутаваққиф кардани барномаи ғанисозии худ, қатъномаи 1920-ро рузи нуҳуми июни соли ҷорӣ қабул кард.

Ба дунболи ин қатънома, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Канада ва Австралия низ таҳримҳои якҷонибаеро алайҳи сипоҳи посдорон, афроди даргире дар парвандаи ҳастаӣ ва ниҳодҳои молии Эрон ба тасвиб расонидаанд.

Амрико рӯзи сешанбе фишорҳо алайҳи Эронро афзоиш дода таҳримҳои тозаеро алайҳи Эрон эъмол кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG