Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроилу Лубнонро ба хештандорӣ даъват карданд


Ба думболи даргирии нерӯҳои Исроил ва Лубнон Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва вазорати умури хориҷаи Амрико аз ҳарду кишвар хостанд, “ба ҳадди мумкин хештандорӣ нишон бидиҳанд.” Бар асари даргирии дар марзи ду кишвар рӯзи сешанбе, панҷ нафар кушта шуд. Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал, ки кишвараш ҳамин моҳ раёсати Шӯрои Амниятро бар ӯҳда гирифт, гуфт, шӯро, бурузи ногаҳонии хушунат дар минтақаро баррасӣ карда ва хостори оромӣ шуд. Дар даргирии миёни нерӯҳои Исроил ва Лубнон, се сарбоз, як хабарнигори лубнонӣ ва як афсари исроилӣ кушта шуданд. Ду тараф ҳамдигарро ба барангехтани муноқиша муттаҳам мекунанд ва ҷузъиёти ҳодиса то кунун рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG