Пайвандҳои дастрасӣ

Бонкҳои Русия назар ба гузашта "сахитар" шудаанд


Бино ба омори расмӣ, бонкҳои Русия ихтисоси қарз ба ширкат ва афроди алоҳидаро моҳи гузашта то 2 дар сад афзудаанд, ки ин як навъ аломати беҳбуд ёфтани вазъи иқтисодии ин кишвар аст. Бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, рушди иқтисодии Русияро низ кунд кард ва сабаби эҳтиёткории бонкҳо шуд. Леонид Слипченко, таҳлилгари ширкати "Уралсиб Капитал" ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ ихтисоси қарз аз тарафи бонкҳо зиёд ҳам набошад, вале барои бозорҳои Русия таъсири мусбат дорад. Марк Рубенштейн таҳлилгари ширкати молиявии "Метропол" гуфтааст, афзоиши қарздиҳӣ аз тарафи бонкҳо, нишонаи хушбинӣ аз рушди иқтисоди Русия аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG