Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи телевизионии "Равшан ва Ҷумшуд" тамом шуд


Рӯзномаи "Московский Комсомолец" чопи Маскав бо изҳори "таассуф" хабар додааст, ки силсилаи намоишҳои телевизионии Русия бо номи "Равшан ва Ҷумшуд" ба поён расидааст. Рӯзнома навиштааст, дар гузаштаи наздик дар робита бо тарҳи барномаи телевизионӣ ва қаҳрамонони он Равшан ва Ҷумшуд дар телевизион моҷаро бархост. Шӯрои арманҳои Русия муаллифони ин тарҳи телевизионӣ ва ширкаткунадагони он Михаил Галустян, Гарик Мартироян ва Артур Ҷонибекёнро барои миллатситезӣ ва таҳқир намояндагони миллатҳои дигар аз Осиёи Марказӣ маҳкум карданд. Ин шӯро гуфтааст, қаҳрамонони ин барнома на танҳо эътибори тоҷикон, балки эътибори арманҳоро поин бурдаанд ва гоҳо ифтихори миллии Русияро низ зери пой гузоштаанд. Рӯзнома навиштааст, баъд аз нашри баномаи "Яйца Судьбы" Каромат Шарипов-раиси "Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия" дастандаркорони ин силсиларо ба геноциди маънавии тоҷикон дар Русия муттаҳам кард. Ҷамъиятҳои дигари тоҷикони Русия низ борҳо эътирози худро аз ин силсила эълон карда буданд.
XS
SM
MD
LG