Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия эътироф кард, ки оташ аз контрол хориҷ шудааст


Сергей Шойгу-вазири умури изтирории Русия гуфтааст, баъзе аз қисматҳои сӯхтори харобиовар дар кишвараш аз контрол хориҷ шудааст. Ин суханони вай бо суханони қаблии кормандони вазораташ, ки оташ зери контрол гирифта шудааст, зиддунақиз аст. Дар ин сӯхтор 40 нафар кушта шудаанд ва тақрибан 2000 хона хароб шудааст. Ҳоло ҳудуди 10 000 нафар оташнишонҳо, ҳазорон нафар низомиён ва даҳҳо ҳазор довталабон бо ин сӯхтор дар бештар аз даҳ вилояти ғарби Русия мубориза мекунанд.
XS
SM
MD
LG