Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолон дар зиндони Боку гуруснанишинӣ мекунанд


Даҳ нафар аз фаъолони мухолифон, ки барои ширкат дар раҳпаймои ғайримуҷоз дар маркази Боку 31-ӯми июл маҳкум ба зиндон шуда буданд, эълон карданд, ки даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Фуод Қаҳрмонлӣ-муовини раиси Ҳизби Мардумии Озарбойҷон ба радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳе аз мардони ношинос дар либоси мулкӣ 2-юми аввгуст ба зиндони фаъолони мухолифон даромадаанд ва бо дашномҳои қабеҳ онҳоро тавҳин кардаанд. Қаҳрамонлӣ гуфтааст, вай тасаввур намекунад, ки чӣ тавр ин одамон тавонистаанд вориди зиндони фаъолон шаванд. Ин фаъолон бароии нақши худ дар раҳпаймоии 31-ӯми июл аз 7 то 10 рӯз маҳкум ба зиндон шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG