Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зафар Нозим-ҳунармади пуровозаи тоҷик даргузашт


Имрӯз Зафар Нозим-ҳунарманди пуровозаи тоҷик дар синни 70-солагӣ баъд аз беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Вай яке аз қофиласолорони ҳунари овозхонии тоҷик дар қарни гузашта буд ва бештар аз 40 сол яке аз мумтозтарин овозхонон дар саҳнаи ҳунари тоҷик ба шумор мерафт. Зафар Нозим худаш барои худ оҳанг меофарид ва бештари оҳангҳояш аз сабку салиқаи мардумӣ сарчашма мегирифт. Таронаҳои вай бар осори классикон низ мисли "Эй сорбон", "Бигзор то бигирям" ва даҳҳо дигар ба унвони шоҳасари ҳунари овозхонӣ дар ганҷинаи фарҳангии тоҷикон боқӣ хоҳад монд. Зафар Нозим 2-юми июли соли 1940 дар водии Рашт ба дунё омада буд. Вай соҳиби унвонҳои пурифтихори Ҳунарманди мардумӣ ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон буд.Устод Зафар Нозим пагоҳ ба хок супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG