Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1400 нафар дар селобҳои Покистон ҷон додаанд


Кормандони имдоди СММ мегӯянд, селобҳои шадид дар Покистон тақрибан ба 3 миллион нафар осеб расондааст ва шумораи қурбониён ба 1 400 нафар расидааст. Абдулсамӣ Малик-як кормади имдод мегӯяд, дар шимоли ғарби Покистон ин селобҳо ба 1 миллиону 300 ҳазор нафар осеби ҷиддӣ расондааст. Мардуми зиёд маҳали зисти худро тарк кардаанд. Ҳамаи деҳоти вилояти шимоли ғарбии Хайбар Паштунхворо селоб хароб кардааст. Саидҷон-ҷавоне аз деҳаи Чорсада чунин мегӯяд:

"Шаби гузашта ҳам борон борид ва мо дар ҳавои боз будем, он гуна, ки ҳоло ҳастем. Баъзе кӯмакҳо дарёфт мекунем, вале мо ба хаймаву сарпаноҳ хеле эҳтиёҷ дорем".

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ қавл додааст, ки ба арзиши то 10 миллион доллар кӯмак дар ихтиёри осебдидагон хоҳад гузошт. Амрико низ 10 миллион доллар ва Британия 8 миллион доллар кӯмак ваъда кардаанд.
XS
SM
MD
LG