Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили навбатӣ бо баъзе нашрияҳои мустақили Тоҷикистон


Дар Душанбе чопхонаи "Мушфиқӣ" эълон кардааст, ки ин ҳафта наметавонад нашрияҳои мустақили "Пайкон", "Озодагон", "СССР", "Миллат" ва "Боргоҳи Сухан"-ро ба нашр расонад. Умед Сатторов-мудири чопхонаи "Мушфиқӣ" ба радиои Озодӣ гуфт:

«Мошинаи чопкунӣ вайрон шудааст. Мо аз онҳо хостем, ки муваққатан дар ҷои дигар чоп кунанд. Мошинаи хурд дорем, ки бо он танҳои нашрияҳои худамонро чоп мекунем.»


Ҷумъабой Толибов-сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» ба радиои Озодӣ гуфт, бо пеш омадани мушкил дар чопхонаи «Мушфиқӣ» сарнавишти шумораи навбатии ин нашрия дар ҳоли ҳозир норавшан боқӣ мемонад. Зафари Суфӣ-сардабири ҳафтаномаи «Озодагон», ки ҳар ҳафта шоми рӯзи сешанбе интишор шуда, рӯзи чоршанбе ба дасти хонандагон мерасид, мегӯяд, бо чопхонаи «Мушфиқӣ» қарордод дорад ва ин чопхона бояд, ки масъулияти чопи рӯзномаро ба дӯш бигирад.
XS
SM
MD
LG