Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теннисбози тоҷик дар ИМА мақоми дуввумро соҳиб шуд


Дилшод Шарифӣ, варзишгари тоҷик

Дилшод Шарифӣ, варзишгари тоҷик

Дилшод Шарифӣ, варзишгари тоҷик, дар як сабқати пурнуфузи тиҷории теннис, ки дар шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, мақоми дуввумро касб кард.

Ибод Шарифӣ, ноиби президенти Академияи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, писараш Дилшод нахуст бар Ҷон Торнтони амрикоӣ ба осонӣ бо ҳисоби 6-0, 6-1 пирӯз шуд. Баъдан Дилшод бар теннисбози аргентинӣ Хектор Иризари бо ҳисоби 6-2, 6-1 ғолиб омад. Вай сипас Сантяго Ниетои испаниро бо ҳисоби 6-1, 6-1 шикаст дод.

Дилшод дар даври ниманиҳоӣ бо теннисбози амрикоӣ Ҷонатан Вулфф, ки ду сол пеш ба қатори 200 теннисбози беҳтарини ҷаҳон дохил буд, рақобат кард. Ин қувваозмоӣ хеле пуршиддат сурат гирифт. Теннисбози тоҷик бо ҳисоби умумии 2:1 (1-6, 6-3, 7-6) пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Вале дар финал кори Дилшод омад накард. Вай аз рақибаш Луис Куелларо, теннисбози кубагӣ, бо ҳисоби 3-6, 4-6 мағлуб гашт. Ғолиб бо 3750 доллар мукофотонида шуд. Дилшод Шарифӣ, ки ҷои дуввумро касб кард, соҳиби 1650 доллар гардид.

Дар ин мусобиқа 50 теннисбоз аз 17 кишвар ширкат карданд, ки аксари онҳо дар ҳамин ҳол дар ИМА машқ мекунанд.

Ба гуфтаи Ибод Шарифӣ, писари ӯ Дилшоди 24-сола, ки ба тозагӣ Донишгоҳи ба номи Фрэнсис Мэриони ИМА-ро хатм кардааст, дар айни ҳол дар академияи тенниси шаҳри Тампо, иёлати Флоридаи ИМА тамрин мекунад.

Дилшод Шарифӣ моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар якчанд мусобиқаи Созмони теннисбозони ҳирфаӣ ширкат меварзад, ки барои ҳар як ғалаба дар рейтинги байнулмилалии беҳтарин теннисбозони ҷаҳон имтиёз дода мешавад.
XS
SM
MD
LG