Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Карочӣ шумораи кушташудагон ба 37 нафар расид


Шабе, ки гузашт, мавҷи моҷароҳои қавмиву мазҳабӣ шаҳри бандарии Карочии Покистонро фаро гирифт ва бино ба хабарҳо то ин соат шумораи кушташудагон ба 37 нафар расидааст. Ин моҷароҳо баъд аз он оғоз шуд, ки дирӯз бар зидди як намояндаи Маҷлиси вилоятӣ сӯиқасд анҷом гирифт. Дастикам, дар тирандозиҳо 80 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва дар ҷараёни ин нооромиҳо даҳҳо мағозаву мошин ба оташ кашида шудаанд. Хабарнигорон ин нооромиҳоро ба ангезаҳои қавмиву мазҳабӣ иртибот медиҳанд.
XS
SM
MD
LG