Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз баргузории маъракаи баруйхатгирии аҳолӣ дар ин кишвар хабар додаанд. Комиссияи мусоидат барои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфтааст,ки ин маърака аз 21-ум то 30 сентябри соли 2010 гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи мақомони кишвар, баруйхатгирии аҳолӣ ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида шуда, ҳадаф аз он муайян кардани дурнамои рушди ҷараёни иҷтимоию-иқтисодӣ, гирифтани маълумоти пурра ва дақиқ дар бораи шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар мамлакат, шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ва барои муайян кардани манбаъҳои асосии барои аҳолӣ ҳаётан муҳим будааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мақомоти кишвар, барои бомуваффақият баргузор шудани ин маърака омодагиҳоро оғоз кардаанд. Ба ин мақсад аз будҷаи давлат 27 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда ва ҳудуди 30.000 нафар ба шумули нозирон, мушовирон ва дигарон ба ин кор сафарбар хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад то 1-уми апрели соли 2010 шумораи аҳолии Тоҷикистон 7.562 миллион будааст.

Ин нуҳумин саршумори дар таърихи Тоҷикистон буда, маъракаи қаблии ба рӯйхатгирии аҳолӣ моҳи январи соли 2000 гузаронида шуда буд.
Тоҷикистон дар руйхати кишварҳои аҳолияш рушдкунандаи қарор дорад. Оморҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 1929 аҳолии кишвар 1.1 миллион буда дар соли 1979 шумораи аҳолии он ба 3.801 миллион расида буд.

Оморҳо шумораи аҳолии кишвар дар соли 1999-ро бештар аз 6.3 миллион нишон медиҳад . Ба гуфтаи коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, интизор меравад шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2025 ба 11.8 миллион бирасад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG