Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии довталабон аз афзоиши ришватситонӣ дар донишгоҳҳо


Дар ин рӯзҳое, ки дар тамоми донишгоҳҳои кишвар имтиҳони қабул оғоз гардидааст, бисёри аз довталабони макотиби олӣ дар Суғдро низ мизони ришват ва ё воситабозӣ барои дохил шудан дар донишгоҳҳо ноумед кардааст.

Аксари ҷавонон, онҳое, ки нияти донишҷӯ шуданро доранд, бар онанд, ки бидуни маблағи кофӣ ва ё пуштибоне роҳ ёфтан ба саҳни донишгоҳҳо мушкил будааст.

Ду сол боз дар орзӯи донишҷӯ шудан

Суҳроб Ҳафизов, як ҷавон аз ноҳияи Масчоҳ, ки ду сол боз барои донишҷӯ шудан талош меварзад, мегӯяд, аз як тараф пардохти ҳаққи таҳсил ва аз ҷониби дигар пардохти ҳаққи нафари ба истилоҳ миёнрав аз мушкили аслиест, ки монеъаи чун ӯ даҳҳо ҷавонони соҳиблаёқати рустоӣ гардидааст. Суҳроб мегуяд:

"Воридшавӣ ба донишгоҳҳо душвор, барои он, ки дониш ҳам, ки бошад бе пул қабул намекунанд. Соли гузашта ман ҳарчанд кӯшиш кардам, ки донишҷӯи донишгоҳ шавам, аммо он замон барои донишҷӯ шудани ман 1800 доллар маблағ зарур буд, ки мо ин миқдор маблағро пайдо карда натавонистем. Бисёри ҷавонон аз сабабе, надоштани маблағи кофӣ ба донишгоҳҳо дохил шуда наметавонанд. Ман чандин нафаронро медонам, ки баъди нагузаштан аз имтиҳони дохилшшавӣ рӯ ба мардикорӣ овардаанд".

Суҳроб нақл мекунад, ки баъди давутозе ки дар соли гузашта натиҷа надодааст, тӯли як сол дар омӯзишгоҳи касби техникӣ таҳсил кардааст. Вале имсол низ ноумед нашуда, хостааст бахти худро аз нав бисанҷад ва ба шӯъбаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳуҷҷат супурдааст.

Нигаронии волидон

Ризо Ҳафизов, падари Суҳроб аз афзоиши ришватситонӣ ба ҳангоми дохил шудани ҷавонон дар донишгоҳҳо изҳори нигаронӣ мекунад. Вай мегӯяд, ки ба ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳои фарзандаш, ки маъмулан фасли тобистонро паси дарҳои донишгоҳ мегузаронад, борҳо мушоҳида кардааст, ки назар ба дониш, нақши маблағ, барои воридшавӣ дар донишгоҳҳо бузург аст.

Ризо Ҳафизов мегуяд:

"Фарзандони нафарони пулдор ба донишгоҳҳо ворид шуда истодаанд, аммо фарзандони деҳқонон, онҳое, ки ба умеди як порча замин ҳастанд донишҷӯ шуда наметавоанд. Ду сол аст, ки барои супоридани ҳуҷҷатҳои фарзандам ба донишгоҳҳо меравам. Соли аввал барои дохил шудани фарзандам дар донишгоҳ 600 доллар пурсиданд. Мо имкони пардохти ин миқдор маблағро надоштем. Имсол ҳам, барои дохил шудан бештар ба киссатон эътибор медиҳанд. Агар пул дошта бошед дохил мекунанд, вагарна не".

Эътимоди комил ё имтиҳони бахт

Ҳине, ки аз назди бинои Донишгоҳи Хуҷанд мегузаштам, ҷавонони зиёде, ба назар мерасиданд, ки ба имтиҳони дохилшавии донишгоҳҳо омодагӣ медиданд. Ин гурӯҳи довталабони донишгоҳҳо ҳам, дар сӯҳбат аз ҷой доштани ҳодисаҳои ришвахорӣ бештар қисса мекарданд. Шавкат Зокиров, ҷавонест, ки мехоҳад дар оянда барномасоз бошад. Аз Шавкат пурсидам, ки оё бидуни ришвату миёнравӣ, ки бисёрии довталабонро ба изтироб овардааст, худ эътимоде барои донишгҷӯ шудан дорад? Вай гуфт:
«Баъзеҳо барои он, ки аз имтиҳон баҳои хуб гиранд ба омӯзгорон қаблан гуфтугӯ карда, як миқдор маблағ ҳам додаанд. Зеро онҳо медонад, ки бо донишашон баҳои имтиҳонро ба даст оварда наметавоананд. Вале баъзеи дигар ҳам ҳастанд ки танҳо бо дониши худ умед мебанданд. Шахсан аз имтиҳон гузаштан ё нагузаштани маро вақт нишон медиҳад».

Аммо дар ҳамин ҳол масъулини донишгоҳҳои Суғд мегӯянд, барои озоду мунсифона доир гардидани имтиҳони қабул миёни дохилшавандагони макотиби олӣ чораҳои ҷиддӣ андешида, талош хоҳанд кард то ҳеҷ ҳодисаи ришваситонӣ ва ё амалҳои номатлуб сади роҳи довталабони макотиби олӣ нагардад. Рустам Усмонов мудири шуъбаи илм ва мактбаҳои олӣ дар мақомоти Суғд дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт:

«Мо дар рӯзӣ 28 июл як ҷоя бо ректорони донишгоҳҳо маҷлис гузаронидем ва дар вақти гузаронидани имтиҳони қабул роҳ надодан ба қонуншиканиро таъкид кардем. Бар замми ин мо ҳаррӯз аз ҷараёни баргузории имтиҳони қабул дар донишгоҳҳо назорат мебарем. Касе, ки аз баҳои гирифтаи худ норозӣ бошад, мо аз нав дида мебароем».

Фасод мушкили рӯ ба густариш дар донишгоҳҳо

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд рӯз муқаддам Фаттоҳ Саидов, сардори оҷониси мубориза бар фасод, аз афзоиши мизони порагирӣ дар ҳузури хабарнигорон гузориш дода, аз ҷумла ӯ Вазорати маорифи кишварро яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатии кишвар маънидод кардааст.
Оқои Саидов таъкид намудааст, ки шуморе аз масъулини донишгоҳҳо бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ барои дохил кардани иддае аз ҷавонон ба донишгоҳҳо чанд ҳазор долларӣ аз худ кардаанд.
Бо вуҷуди чунин таъкиди масъулини оҷонси мубориза бар фасод, аксари довталабони макотиби олӣ дар Суғд, аз афзоиши мизони ришват дар донишгоҳҳо хабар медиҳанд, ва ҳамоно ин мушкил рӯ ба густариш аст.

Аз сӯҳбат бо довталабони мактаби олӣ мермеояд, онҳое, ки ба бидуни ҳеҷ миёнравӣ ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, танҳо бахти худро месанҷанд. Дар ҳоли сазовор нашудан ба унвони донишҷӯи теъдоде аз ин ҷавонон маълулан ба корҳои ғайрирасмӣ дар бозор ва ё умед ба муҳоҷирати Русия мебанданд
XS
SM
MD
LG