Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон мунтазири хабарҳои шум


Зоҳиран теъдоди қурбониёни селобҳои харобиовар дар Покистон хоҳад афзуд, ки бар асари ин фалокати табиӣ тақрибан 2, 5 миллион нафар осеб дидаанд. То кунун бар асари обхезиву дигар фалокатҳои табиӣ бештар аз якуним ҳазор нафар дар манотиқи шимолуғарбии Покистон ҳалок шудаанд. Рустоҳову киштзорҳои зиёде дар ин минтақаи камбизоат аз байн рафтаанд. Созмони Милал мегӯяд, ҳудуди 980 ҳазор нафар бесарпаноҳ мондаанд ва ё муваққат беҷо шудаанд ва шояд ин рақам то ба як миллион нафар ҳам бирасад. Як арзёбии Созмони Милал дар ноҳияҳои Навгара, Чорсада, Мардон ва Пешовар мушаххас кардааст, ки дар ин чаҳор ноҳия 80 ҳазор манзили истиқомати вайрон шуда ва 50 ҳазор хонаи дигар осеб дидааст.
XS
SM
MD
LG