Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи Обама дар бораи маъмурияти артиш дар Ироқ


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дирӯз гуфт, онгуна ки ваъда дода буд, “маъмурияти низомии кишвараш дар Ироқ рӯзи 31 августи ҳамин сол ба поён мерасад.” Барак Обама зимни суханронӣ дар ҳузури собиқадорони маъюби ҷанг гуфт:“Ҳамоно баъд аз омадан ба Кохи сафед ман дар бораи стротежии нави мо дар қиболи Ироқ ва интиқоли масъулияти пурра ба ӯҳдаи ироқиҳо эълом намудам. Ман возеҳ гуфтам ки то 31 августи соли 2010 маъмурияти ҷангии Амрико дар Ироқ ба поён мерасад. Ва мо айнан ин корро анҷом медиҳем, тавре ки ваъда додем ва аз руи ҷадвали замонии мушаххасшуда.” Барак Обама гуфт, теъдоди сарбозони амрикоие, ки аз замони расидани ӯ ба қудрат то охири моҳи август аз Ироқ хориҷ хоҳанд шуд, ба бештар аз 90 ҳазор нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG