Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи сабабҳои низоъ дар Қирғизистон


Кумиссиёни ҳукуматии Қирғизистон ба таҳқиқи сабабҳои низоъҳои хунин миёни қирғизу ӯзбакҳо пардохтааст, ки моҳи июн сурат гирифт ва садҳо нафар кушта бар ҷой гузошт. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, аъзои кумиссиён бо мардуми рустоҳои умдатан ӯзбакнишини Модӣ, Шарқ, Қизил Киштак ва Қаросӯ дар вилояти Ӯш мулоқот карда ва саргузашти баъзе аз онҳову назарашон нисбат ба нооромиҳо дар минтақаро шунидаанд. Дар муноқишаҳои ҷануби Қирғизистон дасти кам 365 нафар кушта ва ҳазорон тани дигар бехонумон шуданд. Абдуғанӣ Эркабоев, раиси собиқи порлумони Қирғизистон кумиссиёни миллии пажӯҳиширо раҳбарӣ мекунад ва гузориши муқаддамотии он бояд то 10 сентябр ба Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон пешниҳод шавад.
XS
SM
MD
LG